Фалаки ҳамон на туро меҳрбон ба мо нагузошт
Ба ҳеҷ даври ду дил бо ҳам ошно нагузошт
Ба водии талабати оқибат ба хайр нашуд
Касе ки оқибати кор бо худо нагузошт
Касе ки обу гулатро сиришти снгдлист
Ки дар дилати асар аз моя вафо нагузошт
Касе ба мамлакати ишқи гашти хона ба дӯш
Ки қимати кафании баъди худ ба ҷо нагузошт
Ду чашм ба ҳар нигоҳат ба хасмӣанд аҷаб
Ки хоки пои ту андари миёна по нагузошт
Сафои ишқ талаб кун ки Нақшбанди вуҷӯд
Барои хӯрдан ва хобидан ин банно нагузошт
Нахост давлати васлат ба ( сомит ) арзонӣ
Замона бесабаб аз ман туро ҷудо нагузошт