Дигар дили баҳри бадномии раҳ тадбир ме гирад

Ҷунуни ман хабар аз нола занҷир ме гирад

Ҷаҳони орзӯро чун манӣ ноком ме ёбад

Ки бехи бахтами об аз шуъла шамшер ме гирад

Асари ҳам баҳри оҳами иддаоӣ саркашӣ дорад

Гумон кардааст нафрини заъифон дарбарме гирад

Аҷаби каҷи бахт афтодааст осоиш ки ҳар соъат

Сари роҳии зи даврӣ бар фароз шер ме гирад

Хароби ишқ ободӣ намефаҳмид балии ошиқ

Чисон бар дӯши бори миннат таъмир ме гирад

Ду рӯзи умрро зойеъ макун гуё наме доне

Ки ин давлати аҷали ҳам аз ҷавони ҳам пер ме гирад

Саропо мешавад андом ( сомит ) шуълаи оташ

зи дарди дили қалам чун аз пай таҳрир ме гирад