Дар ин вайрони сар беҷо касе манзил наме гирад

Агар гирад касе маҷнӯн буд оқил наме гирад

Наме пошӣ чаро аз махзани дили ашки гулнорӣ

Ҷузи ин як миваи боғи зиндагӣ ҳосил наме гирад

Дилами доим ба тарки орзӯӣ ғайр ме кӯшад

Чаро пас худ дамӣ аз орзӯҳо дил наме гирад

Ба осоиши дилам улфат намедорад аҷаб дорам

Ки ин киштии зи бадбахтӣ ба худ соҳил наме гирад

Ба авзоъи ҷаҳони моил шудан андоза дорад

Мусофири корро чандон ба худ мушкил наме гирад

Ба тақвои фақиҳи шаҳр май хнднди нодон

Чаро пас комили мо ибрат аз ҷоҳил наме гирад

Агар инаст авзоъи ҷаҳон ( сомит ) ки ман байнам

Касе ман баъд аз ин ғайр аз раҳ ботил наме гирад