Ду зулфат эй санам чун ақраб ҷаррор ме монад

Шиканҷи турраи хам дар хамат чун мор ме монад

Ба сайёдӣ чун оҳӯии ду чашмат мешавад моил

Ду абрӯӣ каҷаст чу наханҷар хунхор ме монад

Ба гулзори ҷамол бемисолат бастаам дил ро

Ки обу тоби вай бо ориз дилдор ме монад

зи боғ эй боғбон берун макун бечораи гулчин ро

Ки бегул дар хазони зини боғҳо бисёр ме монад

Дареғ аз умри кўтоғаҳи ману ҳангомаи ҳиҷрон

Ки бар дили доғи васл бенишон ёр ме монад

зи сари нуқтаи лаъли лабати бас гуфтугӯ бошад

Вале асрори вай дар парда пиндор ме монад

Башу аз об эй воъизи худоро дафтари худ ро

Ки гуфтори хушати баракси ин рафтор ме монад

Улувва қадари аҳли фақрро андари қиёмати байн

Кунун дар пеши чашми аҳли дунё хор ме монад

Бтбри таънаи душмани сабурӣ пеша кун ( сомит )

Агарчӣ сабр қадре дарназар душвор ме монад