Бас ки дар боғи рахти маҳв тамошо монадем

Бехабар аз ҳамаи неку бад дунё монадем

Шуд тиҳии доираи ишқи ту аз булҳавасон

Мо чу паргори баҷо бар сари як по монадем

Бим ғарқоб надорем ки монанди ҳубоб

Аз сбкбории худ бар сар дарё монадем

Буи хайрӣ нашунидем аз ин ҳамсафарон

з он барандон ватанӣ ки ва тана монадем

Ҳамаи каси мӯътарифи қиблаи абрӯӣ ту шуд

Мо зи бадбахтии худ бар сар ҳошо монадем

Кас надонист ки хосият гумномӣ чист

Мо дар ин роҳ ба ҳамроҳӣ анқо монадем

Ҳамаи каси мӯътакифи кӯй фано шуд ( сомит )

Мо зи кӯтаҳи назарӣ бар дар дил ҳо монадем