Сабо ба боғи ҷинони рӯи ту оҳ ва зорӣ кун
зи дидаи баҳри паямбари сиришк ҷорӣ кун
Бигӯ ҳусайни ту танҳо ва бемадад кор аст
Биё ба Кӯфа аз он шаҳриёр ёрӣ кун
зи тишнагии ҷигари итрат ту гашта кабоб
Биё ба гулшани худ фикр обёрӣ кун
зи баҳри оби ҳусайн аз сакина гашта хаҷал
зи нури дидаи худ рафъи шармсории кмн
Ҳавола гашта ба зайнаби рикоби дории шоҳ
Назар ба ҳоли ҳусайни мавсим саворӣ кун
Шуда чу хонаи занбӯри ҷисми шоҳи шаҳид
Биёу чораи ин захмҳои корӣ кун
Ҳусайни ту з қафо дод сар ба роҳи худо
Назар ба шавқи вай аз баҳри ҷон нисорӣ кун
Ятеми парварии охир савоб ме бошад
Биёи сакинаи худро нигоҳдорӣ кун
Барои бахшиши исёни хештан ( сомит )
Ба мотами шаҳи лаби ташна ашгборӣ кун