Шавам фидои тан бекафан ба рӯй туробат

Ба хоби ҷони бародар ки гашта мавсӯми хобат

Паии видоъи ту бо ашку оҳи омадаи зайнаб

з ман бипурс ки хоҳар ки бардааст ниқобат

Агар кафан наниҳодам ба пайкари ту ва рафтам

Маро бубахш ки шармандаам з рӯй ҷанобат

з хотирам наравад то ба рӯзи ҳашари бародар

зи дарди ташнаи лабии печу тоби қалби кабобат

Чу ибн саъд намедод бар ту қатраи обӣ

Дигар барои чаҳ он бе ҳаёи надоди ҷавобат

Кашид шимур ба ҳалқи ту дашна бо лаби ташна

Надоди қатраи обӣ чаро зи роҳи савобат

Гирифтаи ваъдаи меҳмонӣ аз ту хўлӣу тарсам

зи кунҷи матбахи он мизони хонаи харобат

Ба ҳайратам ки расми баъд аз ин куҷо ба висолат

Ба шаҳри шом буд ваъда ё безами шаробат

Дигар зи маъсият худ матарс ( сомит ) маҳзун

Ки ҳаст шоҳи шаҳидони шафиъи рӯзи ҳисобат