Кард андари Карбало чун нолаи ҳилли ман муайян
Нури чашми Мустафо дар рӯзи ошурои баланд
Аз барои нусрат ӯ пештар аз коинот
Гашти лаббайк аз худои воҳиди яктои баланд
Халқи мавҷӯдотро аз аввалин ва охирин
Гашт дар аслобу адҳоми башари ғавғои баланд
Кун факонро ҷумла аз молоирӣу моирӣ
Ҳар тараф лаббайк шуд аз як ба як як ҷои блн
Анбиёу авлиёро аз ғами он бе мҳъин
Гашти фарёду фиғон дар ҷинаи алмоўии баланд
Нолау анвари ъиношди зи Ясриби сӯии арш
Аз мазори Аҳмаду сидиқаи куброи баланд
Дар Наҷаф аз ғуссаи мазлӯмии фарзанди хеш
Кард Амиралмӯъминини фарёди волҳФои баланд
Бо тани табдору заъфи ҳолату қалби кабоб
Нола саҷҷод шуд дар ёрибобои баланд
Асғари шаш моҳа дар гаҳвора кардӣ хеш ро
Аз барои нусрати райҳонаи Заҳрои баланд
Духтари шери худо зайнаб баровард аз ҷигар
Баҳри имдоди ҳусайни фарёди фарёди воғўсои баланд
Аз сипоҳи Кӯфаи баҳри қатли авлоди расӯл
Гашти банки кӯс ва ноӣ не дар он саҳрои баланд
Аз ғами мазлӯмии фарзанди пайғамбар ба чарх
Буд афғону хурӯш аз кофару тарсои баланд
Шуд сари меҳри афсари шоҳи шаҳид аз теғи шимур
Оқибати аташон ба нӯки найзаи аъдои баланд
Аз шарори оташӣ кандар хайём вай заданд
Оҳ ( сомит ) шуд ба сӯии гунбади хзрои баланд