зи бас ки чархи ҷафои кору зишт кирдор аст
Ҳамеша душмани ёру муайян ағёр аст
Гирифтаи санги адоват ба даст чун сайёд
Ба фикри сайди дили аҳли байт атҳор аст
Гумон кунӣ ки ҳусайни шдшҳиду кори гузашт
Ҳануз мавсими андӯҳу аввал кор аст
Чигуна шуд ғаму андӯҳи шоҳи ташнаи тамом
Ки зайнабаш ба кафи шомён гирифтор аст
Ҳануз Сайиди саҷҷоди ҳамчуи Юсуфи Миср
Асири панҷаи гиреҳгони одамӣ хор аст
Ҳарими муҳтарами Мустафо ба Кӯфау шом
Ба гиря бо сар урён маёз бозор аст
Касе ба мисли ғарибони шом хор нашуд
Вагарна дар ҳамаи шаҳрии ғариб бисёр аст
ЧўрФти гардани саҷҷод дар ғулу занҷир
Касе нагуфт ки ин дили шикаста бемор аст
Миёни бистари роҳати язидро чаҳ хабар
Ба вақти хоб ки чашми сакина бедор аст
Ба шаҳри шоми сари анвари амири ҳиҷоз
Ба пои тахти язиди палид ғаддор аст
Ба ҷои домани бобаш ба кунҷи вайрона
Сари руқияи бхштӣ ба пой девор аст
Гуҳӣ ба найзаи гуҳӣ дар тануру гоҳ ба ташт
Ҳамеша раси шаҳи ташнаи лаб дар озор аст
Сиррӣ ки бар ҳамаи коиноти сарвар буд
Чигуна бар лаби ваии хайзарон сазовор аст
Ба ҳашари дафтар ( сомит ) барам ба назд ҳусайн
Ки ин матоъи гиронмояро харидор аст