Ба панҷ рӯзаи айём эътимод макун
Ба ҳаст ва нест дили худ ғамин ва шод макун
Агар хушӣаст агар ғам чу боди даргузарад
Чу бод кун гузару такяро ба бод макун
Ҳар ончии баҳри азин орияти сарои дорӣ
Басаст дарди сари хешро зиёд макун
Хаёл кун ки куҷо рафт кӣ Қубод куҷост
Ба ҳарзаи орзӯии малик киқбод макун
Шудӣ ба малики тани хеши фоили мухтор
Удӯли вақти таҳаккуми зи адл ва дод макун
Ба пеши ҳукми қазои сари буна ба тоъату бас
Дигар ба маънии тақдир иҷтиҳод макун
Ба ончии баҳри ту имрӯз мумкин аст бисоз
зи рӯзи баъди вази шоми гузашта ёд макун
Тамаъи зи бурдани моли касони бабри вар на
Дамӣ ки мол туро мебаранд дод макун
Чу худ бигуфта худ дил наме диҳӣ ( сомит )
Барои ғайри варақ беш аз ин савод макун