эй шимури дуни баҳри худои савобӣ
Тар кун лаби хушками зи ҷуръаи обӣ
Бар кўдконм дар ҳарам бидиҳ гӯш
Каз тишнагӣ доранд изтиробӣ
эй шимур бошад вақти имтиҳонат
Ол набӣ гардӣда миҳмонат
Тарсам зананд оташ ба хонимонат
Гар баркашанд оҳ аз дили кабобӣ
эй бе адаби сибти паямбари ту
Лаби ташнаи мондаи зери ханҷари ту
Зорӣ кунам ҳарчанд дар бар ту
Бар ман наме гӯйӣ чаро ҷавобӣ
эй бехабар кун ёд аз қиёмат
Тарсами кашӣ аз кори худ надомат
Кардӣ ҳадаф бар новаки маломат
То чанд ғофил аз сафи ҳисобӣ
Омад баҳорро з пай хазоне
Рафт аз кафам чу Акбарами ҷавонӣ
На бар дили ғамгин буд туоне
Не бар тани афсурдаи мондаи тобӣ
Дигар ба ҷое дастрас надорам
Ҷузи қатраи обӣ ҳавас надорам
Дар ин замини корӣ ба кас надорам
Дорӣ чаро дар куштанами шитобӣ
Ибни сина каз баҳри ту ҷойгоҳ аст
Сандӯқи илми ҳазрат илоҳ аст
эй сангдил то кӣ дилат сиёҳ аст
Бедори шӯи золим агар ба хобӣ
эй гмраҳи давр аз раҳи ҳидоят
Бинмо ман мазлӯмро ҳимоят
Аз ҳақи пайғамбари намои риоят
Гар хасми авлоди Абӯтуробӣ
( сомит ) чунин комшби зи касрати ғам
Бар по намӯдӣ дастгоҳи мотам
Рӯзи ҷазо бо дӯстони ҳамдам
Осуду ворастаа аз азобӣ