эй ғамгини туро бо шодии даврон чикор
Сайди шамшери аҷалро бо лаби хандон чикор
Мушти хокиро ба кибру книнаҳу туғён чикор
Волау ошуфтаро куфр ва бо имон чикор
Мардуми девонаро бо шаҳнау султон чикор
Корро аз баҳр дунё карда бар хеши танг
Май занӣ бар шишаи қалби заъифон чанд санг
Май барӣ то кӣ ба хӯни мардумон аз зулми чанг
Ҳар ки дар баҳри амиқи афтода дар коми наҳанг
Дигараш бо кори Нӯҳу садамаи тӯфон чаҳ кор
Аз сари паии афсари худ давр кун тоҷи ғурур
То нагардӣ поймоли халқи маҳшари ҳамчуи мӯр
То туоне бо худои шӯи ошнои зи Иблиси давр
Зоҳидиро чашм бар фирдавс ва ҳурасту қусӯр
Ошиқонро бо биҳишту кавсару ғулмон чикор
Нимаи шаб аз бистари ғифлат гуҳӣ бурдор сар
Узрхоҳӣ кун зи ҷурми худ ба назд додгар
То шавад андари дилати нури ҳақиқати ҷилва гар
Булбулонгар роз дил гӯйанд бо гул дар саҳар
Бумро бо арғавону наргиси хандон чикор
эй дар оғӯши арӯси ҷаҳли рӯзи шаби бхўонб
ё мабар моли касонро ё намои фикри ҷавоб
Май кмнӣ то кӣ зи зулми худ дили мардуми кабоб
Ҳар ки дар фикр қиёмат бошаду явми ҳисоб
Кор ӯ бо аҳли зулму дафтари девон чикор
эй хушо онон ки пеши латмаи чавгони ишқ
Пой афшоданади хеши мардона дар майдони ишқ
Ҷон чун ( сомит ) бохтанд андари сари паймони ишқ
Саъдё то чанд гӯйии дард бе дармони ишқ
Куштагони дӯстро бо дард ва бо дармон чикор