Хез то худ зи ақл боз кунем

Дар майдони ишқ боз кунем

Юсуфи чоҳро ба давлати дӯст

Дар чаҳ сад ҳазор боз кунем

Дар қимор виқор биншинем

Хештани ҷбриил соз кунем

Ҳар чаҳ шебу фарози пардаи мост

Хок бар шеб ва бар фароз кунем

з бару зери чарх ҳарза занем

Он ба аз ҳар ду эҳтироз кунем

Ҷони Кебекӣ бурун кунем аз тан

Хештани ҷон шоҳбоз кунем

Ба хароботи рӯҳ дар тозем

Дар ба рӯй хирад фароз кунем

Оҳро аз барои зиндаи дилӣ

Малики аламути ҷон оз кунем

Нозро аз барои пухта шудан

Ҳизуми оташ ниёз кунем

Бо ниёзем то ҳама моием

Чун ҳама ӯ шудем ноз кунем

Олати ъушрати зарифон ро

Офати ақли ишва соз кунем

Хами зулфин хубрӯён ро

Ҳуҷраи рӯзҳои роз кунем

Дар замин безамин суҷуд барем

Дар ҷаҳон беҷаҳон намоз кунем

Се шароб ҳақиқатӣ бихӯрем

Чори такбир бар муҷоз кунем

Аз сенаеи магари сенае ро

Ба яке бодаи дард боз кунем