Ҳар дил ки қарин ғам набошад

Аз ишқ бар ӯ рақам набошад

Ман ишқи ту ихтиёр кардам

Шояд ки маро дирам набошад

Зеро ки дирами ҳам аз ҷаҳонаст

Ҷонону ҷаҳон баҳам набошад

Бо дидани рӯят эй нигорин

Гӯйӣ ки ғамати з ғам набошад

То дар дил ман нишаста бошӣ

Ҳаргизи дили ман дижам набошад

Пайваста дар он буд сенае

То ҷуз ба ту муттаҳам набошад