Рӯй ӯ моҳаст агар бар моҳи машки афшон буд

Қад ӯ сарваст агар бар сарви лолстон буд

Гар раво бошад ки лолстон буд болои сарв

Бар маи равшан раво бошад ки машки афшон буд

Дил чу гӯйу пушт чун чавгон буд ушшоқ ро

То занхдонаш чу гӯйу зулф чун чавгон буд

Гар зи ду Њорут ӯ дилҳо нижанд ояд ҳаме

Дарди дилҳоро зи ду ёқӯт ӯ дармон буд

Ман ба ҷони марҷону лўлўро харидорӣ кунам

Гар чу дандону лаб ӯ лўлўу марҷон буд

Роз ӯ дар ишқ ӯ пинҳон намонад то маро

Рӯй зарду оҳи сарду дидаи гирён буд

Зон ки ғаммозон ман ҳастанд ҳар се пеши халқ

Ҳар куҷо ғаммоз бошад роз кӣ пинҳон буд

Бар канори хеши ризвони пурвирд ӯро ба ноз

Ҳур бошад ҳар ки ӯ парвардаи ризвон буд

Ҳар замон гӯям ба ширинӣу покӣ дар ҷаҳон

Чун лабу дандон ӯ ёрб лабу дандон буд