Ҳар замон аз ишқат эй дилбари дили ман хӯн шавад
Қатра ҳо гардад зи роҳи дидагон берун шавад
Гар з бесабрӣ бигӯям рози дил бо санг ва рӯй
Рӯйро тан об гардад сангро дил хӯн шавад
зи оташу дарди фироқат ин набошад баси аҷаб
Гар дили ман чун ҷҳиму дида чун Ҷайҳун шавад
Бори андӯҳони ман гардун куҷо донад кашид
Хосса чун фарёдам аз бедод бар гардун шавад
Дар ғами ҳиҷрону тимори ҷудои ҷони ман
Гоҳ чун зўолкФл гардад гоҳ чун зўолнўн шавад
Дар дил аз меҳрати ниҳолӣ куштаам каз оби чашм
Ҳар замонии баргу шоху бех ӯ афзӯн шавад
То ту дар ҳасану малоҳат ҳамчунон Лайлӣ шудӣ
Ошиқи мискинат эй дилбари ҳаме маҷнӯн шавад
Хоки даргоҳи ту эй дилбар агар гирад ҳаво
Тўтёии ҳуру чатри шоҳ сқлотўн шавад
эй шудаи моҳи тамом аз ғояти ҳасану ҷамол
Чокар аз ҳиҷрони рӯят « ъодколърҷўн » шавад
Он дилӣ каз халқ олам дорад умедӣ ба ту
Чун зи ту навмед гардад моҳрўё чун шавад
Чун сенае мдҳтт гуяд з рӯй таҳният
Лафзи асрори алоҳӣ дар дилаш маъҷун шавад