Ошиқ машавед агар тавонед
То дар ғами ошиқии нмонид
Ин ишқ ба ихтиёр набӯд
Донам ки ҳамин қадар бидонед
Ҳаргиз мабаред номи ошиқ
То дафтари ишқ бар нахонед
Оби рух ошиқон марезед
То оби зи чашм худ наронед
Маъшуқаи вафо ба кас наҷуед
Ҳар чанд зи дида хӯн чиконед
Инаст ризоӣ ӯ ки акнӯн
Бар рӯй замини яке нмонид
Инаст сухан ки гуфта омад
Гар нест дуруст бар махонед
Бисёр ҷафо кашид охир
ӯро ба мурод ӯ расонид
Инаст насиҳати сенае
Ошиқ машавед агар тавонед