Ҷонои зи ғами ишқи ту ман зорами ман зор

Аз тӯдаи сиснбр дар боРом дар бор

Ҳар чанд ки безор шудам ман зи ҷФоҳот

Зини мояи безории безорами безор

То дар каф андӯҳ бимонадаст дили ман

Зини меҳнату андӯҳ бар озорами озор

Аз баҳри ризои дили ту аз дил ва аз ҷон

эй дӯст ба ҷони ту ки оворами овор

эй рӯй ту чун рӯз ва ду зулфин ту чун шаб

Пайвастаи шаб аз ишқи ту бедорами бедор

эй нуқтаи хӯбӣу никуӣ ба ҳамаи вақт

Гардандаи ишқи ту чу паргорами паргор

Пайкори ним аз ғамат эй моҳи шабу рӯз

Бар даргаи савдои ту бар корам бар кор

Дар каъбаи тимор агар чанд муқӣмам

эй ёри чунон дон ки ба хуморами хумор

Аз ишваи ишқи ту агар маст шудам маст

Аз хӯрдани андӯҳи ту ҳушёрами ҳушёр

Аз ҳиҷри ту наздики сенае чу рухи ту

Андари чамани ишқ ба гулзорами гулзор