Зиҳии ҳасану зиҳии ишқу зиҳии нуру зиҳии нор

Зиҳии хату зиҳии зулфу зиҳии мӯру зиҳии мор

Ба наздики ман аз шқи зиҳии шӯру зиҳии шар

Ба даргоҳи ту аз ҳасани зиҳии кору зиҳии бор

Ба болоу камаргоҳ ба зулфин ва ба мижгон

Зиҳии тиру зиҳии тору зиҳии қӣру зиҳии қор

Яке гулбунӣ аз рӯҳи гулати ақлу гулати ишқ

Зиҳии беху зиҳии шоху зиҳии баргу зиҳии бор

Биҳишт аз туу гардуни ҳавос аз туу арқон

Зиҳии ҳашту зиҳии ҳафт зиҳии панҷу зиҳии чор

Барин фарқ ва барин дасти барин рӯй ва барин дил

Зиҳии хоку зиҳии боди зиҳии обу зиҳии нор

Миёни хираду рӯҳи ду зулфин ва ду чашмат

Зиҳии ҳалу зиҳии ақди зиҳии гиру зиҳии дор

Ҳамаи дили сӯхтагонро аз сари зулфу занхдонат

Зиҳии ҷоҳу зиҳии чоҳи зиҳии банду зиҳии бор

Ба наздики сноиисти зи ишқи туу ғайрат

Зиҳии ному зиҳии нанги зиҳии фахру зиҳии ор