Ҳамвора ҷафо кардан то кӣ буд эй дилбар

Пайвастаи бало кардан то кӣ буд эй дилбар

Ман бо ту дили яктои вонгаҳи ту зи ғами ташна

Чун зулфи дўто кардан то кӣ буд эй дилбар

Пероҳани сабри мо андари ғами ҳиҷронат

Чун чоки қабо кардан то кӣ буд эй дилбар

Бе рӯй чу хуршедати бечораи сенае ро

Гардон чу сҳо кардан то кӣ буд эй дилбар