Ҷамолат кард ҷоно ҳаст мо ро

Ҷалолат кард моҳо пасти мо ро

Дили орои мо нигоро чун ту ҳастӣ

Ҳамаи чизе ки бояд ҳаст мо ро

Шароби ишқ рӯй хуррамат кард

Басони наргиси ту масти мо ро

Агар рӯзии каф поят бабўсам

Буд бар ҳар ду олами дасти мо ро

Таманнои лабат шӯрида дорад

Чу мишкӣни зулфи ту пайвасти мо ро

Чу сайёди хиради лаъл ту бошад

Сари зулфи ту шояд шасти мо ро

Замонаи банди шастат кӣ кушояд

Чу зулфин ту муҳками басти мо ро