Аз фалак дар тоб будам дайу дӯш

Вази ғамат бетоб будам дайу дӯш

Бо лаби хушк аз сиришки дидагон

Дар миён об будам дайу дӯш

Гоҳ мехӯрдам гуҳ аз баҳри дуо

Рӯй дар миҳроб будам дайу дӯш

Бе рухи ту дар миёни баҳри об

Бо набед ноб будам дайу дӯш

Аз камоли ҳиҷр дар саҳрои дард

Тир дар партоб будам дайу дӯш

Суҳбати дидори ту ҷустами ҳаме

Гарчи бо асҳоб будам дайу дӯш

Бе ту ларзону тпон бар рӯй хок

Рост чун симоб будам дайу дӯш