эй зулфи ту банду доми ошиқ

эй рӯй ту нозу коми ошиқ

Дар ҷустан ту басии ҷаҳонҳо

Бигузашта ба зери гоми ошиқ

Бинмоӣ ҷамоли хешу бФзоӣ

Дар манзалату мақоми ошиқ

Вази шарбати лутфи хеш тар кун

Охири як рӯзи коми ошиқ

Вази бодаи васли хеш пар кун

Як шаби снмои ту ҷоми ошиқ

Акнӯн ки ҳама ҷаҳон бидонаст

Аз ишқи ту нангу номи ошиқ

Бишинав ҷонои ту аз сенае

То бигузоради паёми ошиқ

Бар ошиқ агар салом накунӣ

Борӣ бишинав саломи ошиқ