Чу омад рӯй бар рӯем ки бошам ман ки ман бошам

Ки онгаҳ хуш буд бо ман ки ман бехештан бошам

Ман онгаҳ худ касе бошам ки дар майдони ҳукм ӯ

На дил бошам на ҷон бошам на сар бошам на тан бошам

Чаҳ ҷой саркашӣ бошад зи ҳукм ӯ ки дар рӯйиш

Чу шамъи онгоҳ хуш бошам ки дар гардан задан бошам

Чу ӯ бо ман сухан гуяд чу Юсуфи вақт ло бошад

Чу ман бо ӯ сухан гӯям чу Мӯсои гоҳ лн бошам

Сухани пайдоу пинҳони сет ва ӯ он дўстр дорад

Ки чун бо ман сухан гуяд ман онҷо чун всн бошам

Чу бихўд бар буриш бошам зи васфи андар кнФ бошам

Чу бо худ бар дараш бошам зи ҳиҷри андар кафан бошам

Маро дар олам ишқаш мапурс аз шеб ва аз боло

Муҳим то дар фалак бошам гулам то дар чаман бошам

Марогар поя эй бинӣ бидон кони поя ӯ бошад

Бар ӯгар соя эй бинӣ бидон кони соя ман бошам

Сенае хонам он соъат ки фонии гаштам аз суннат

Сенае онгаҳе бошам ки дар банд сунан бошам