Аз паии ту зи адами мо ба ҷаҳон омада ем

Наз барои тарабу лаҳву фиғон омада ем

Ишқ напазирад ҳастӣ ва парастидани нафас

Мо азин маънӣ беному нишон омада ем

То кӣ аз нисбат бе асли ҳаме лоф занем

Каз ғурури худ бе худ ба забон омада ем

Монда дар банд замонему замони моро на

Дар маконем на аз баҳри макон омада ем

Ҳар касе роҳи азин раҳ ба қадам май супурд

Мо дар аспрдни ин роҳ ба ҷон омада ем