Қавмӣ ки ба ифлос гароед дили эшон

Ҷузи кӯй ҳақиқат набӯд манзили эшон

Вақте ки шавад кори барояшони ҳамаи мушкил

Ҷуз бода бигӯ ҳал ки кунад мушкили эшон

Гар чанд қадимаст хилофи гулу оташ

Бо оташи ишқи сети мувофиқи гули эшон

Бо қофилаи муфлисӣу марҳалаи ишқ

Ҷузи бор маломат накушуд маҳмили эшон

Пайдо з сифотаст ва ниҳонаст маъонӣ

Дар нафаси азизу нафаси мқбли эшон

Ҷузи тарбияту тамшияту сидқ ва сафо нест

Перояу сармояи ҷону дили эшон