Тухми бад кардан набояд коштан

Пушт бар ошиқ набояд доштан

эй санам ар ту бихоҳӣ банда ро

Зин сипас донеи накӯтар доштан

Чанд азин оёти нихвати хондан

Чанд азин ройоти аҷаб афроштан

Нақши чин бояд зи сина маҳв кард

Сӯрати меҳру вафои бнгоштн

Чанд азин шохи вафоҳо сӯхтан

Чанд азин тухми ҷафоҳо коштан

Хуб набӯд бар чу ман бечора Эй

Лашкари ҷавру ҷафои бгмоштн

Зишт бошад бо чу ман дармонда Эй

Шарту расми мардумӣ нагузоштан

Дар сафи риндону қлошони хеш

Камтарини кас боядам пиндоштан