Роҳи ишқ аз рӯй ақл аз баҳри он бас мушкиласт
Кон на роҳи сӯрат ва пойаст кон роҳ диласт
Бар бисоти ошиқӣ аз рӯй ихлосу яқин
Чун бибозӣ ҷону тани мақсӯд онгаҳ ҳосиласт
Зинҳор аз рӯй ғифлати ин сухани бозии мадон
Зон ки сар дар бохтан дар ишқ аввал манзиласт
Фарқ кун дар роҳи маънии кори дил бо кори гул
Кин ки ту машғӯли онӣ эй писар кор гуласт