То мӯътакифи роҳ харобот нагардӣ

Шоистаи арбоб каромот нагардӣ

Аз банд алойиқ нашавад нафаси ту озод

То бандаи риндон харобот нагардӣ

Дар роҳ ҳақиқат нашӯй қиблаи аҳрор

То қдўаҳи асҳоб либосот нагардӣ

То хизмат риндон нагузинӣ ба дилу ҷон

Шоистаи суккон самовот нагардӣ

То дар саф аввал нашӯй фотиҳа « қул »

Андари сафи сонӣ чу тҳёт нагардӣ

Шаҳ пел набинӣ ба муроди дили маъшӯқ

То дар кафи ишқи шаҳ ӯ мот нагардӣ

То нест нагардӣ чу сенаеи зи алойиқ

Назд фузалои айн мубоҳот нагардӣ

Муҳкам нашавад дасти ту дар домани таҳқиқ

То сӯхтаи роҳ мломот нагардӣ