Нахоҳам ман тариқу роҳи томот
Маро май бояду маскани харобот
Гуҳӣ бо мегусораманда хеш
Гуҳӣ бо ҷом бошам дар муноҷот
Гуҳии шатранҷи бозам бо ҳарифон
Гуҳӣ ровӣ шавам бо шеъру абёт
Гуҳии шаҳ рух шавам бо айшу роҳат
Гуҳӣ аз ранҷи гирдами бози шҳмот
Нахоҳам ҷуз майу майхонау ҷом
На меҳнат бошад онҷо ва на офот
Ҳамеша то бум дар хамр ва дар қамар
Биёбам роҳатии андари мақомот
Чу толиб бошам андари роҳи маъшӯқ
Талаб кардан буд роҳи ибодот
Тариқи ишқ он бошад ки ҳаргиз
Наёбади ошиқ аз маъшӯқи ҳоҷот
Чунин донам тариқи ошиқӣ ро
Ки напазирад ба роҳи ишқи томот
зи чизе чун тавон додани нишоне
Ки пайдо нест андари ваии ашорот