Касеро ки сари ҳақиқат аён шуд

Муҷози сифоти вай аз вай ниҳон шуд

Нишони он буд бар вуҷӯди ҳақиқат

Ки номи вай аз нестӣ бенишон шуд

Касе кӯ чунин шуд ки ман васф кардам

Яқини дон ки ӯ подшоҳ ҷаҳон шуд

Малик шуд замину замонро пас онгаҳ

Чу исо ки ӯ сокин осмон шуд

Равони гашти фармон ӯ чун сенае

Мар ӯро ки гуфт ӯ чунин шӯ чунон шуд

Халил аз сар нестӣ кард даъвӣ

Ки сӯзанда оташ бирав бӯстон шуд

Чу « арнӣ » сет аз нафас бар таври сино

Қадамгоҳ ӯ ҷумлаи об равон шуд

Набинӣ ки ҳар кӯи зи худ гашти фонӣ

Қарини қазои гашт ва соҳибқирон шуд

Ҳам аз нестии бад ки бо хоки муштӣ

Муҳамад ба ҷанги сипоҳ гарон шуд

Чу дар нестӣ зад дам чанд исо

Тан беравон аз дамаш бо равон шуд

Басои кас ки дар нестӣ касб карданд

Гумонҳо яқин шуд яқинҳо гумон шуд

Касе кӯи з ҳал румузаст оҷиз

Баёни сенаеи варо тарҷумон шуд