Аблаҳӣ дид уштурӣ ба чаро

Гуфт нақшат ҳама кажаст чаро

Гуфт уштур ки андарин пайкор

Айб наққош мекунӣ ҳаши дор

Дар кажӣ ам макун ба нақши нигоҳ

Ту зи ман роҳи рост рафтани хоҳ

НаҚишм аз маслиҳат чунон омад

Аз кажии ростӣ камон амад

Ту фузул аз миёнаи берун бар

Гӯши хар дар хураст бо сари хар

Ҳаст шоиста гарчи т омад хашм

Тоқи абрӯ барои ҷуфтии чашм

Ҳарчӣ ӯ карда айб ӯ макунед

Бо баду неки ҷуз накӯ макунед

Дасти ақл аз сахт бнирў шуд

Чашми хўршидбини з абрӯ шуд

Зишту некӯ ба назд аҳли хирад

Сахт некаст аз ӯ наёяд бад

Ба худои сазои мар ӯро дон

Шабу шабгири рӯи мар ӯро хон

Он накӯтар ки ҳарчӣ зу бинӣ

Гарчи зишти он ҳамаи накӯи бинӣ

Ҷисмро қисм роҳат омаду ранҷ

Рӯҳро роҳатаст ҳамчун ганҷ

Лек Марии шиканҷ бар сар ӯст

Дасту пои хирад баробар ӯст