Он набинӣ ки Тифлро доя

Гоҳи хурдӣ ба аввалин поя

Гоҳи бандади варо ба гаҳвора

Гоҳ бар бар нҳдш ҳамвора

Гуҳ занад саъб ва гоҳ бинавозад

Гоҳ давраш кунад биндозад

Гоҳи бӯсад ба меҳри рухсораш

Гоҳ бинавозад ва кашад бориш

Марди бегона чун нигоҳ кунад

Хашм гирад зи доя оҳ кунад

Гуядаш нест меҳрбони доя

Бар ӯ ҳаст Тифл кам моя

Ту чаҳ доне ки доя ба донад

Шарти кори ончунон ҳаме ронад

Бандаро низ кирдигор ба шарт

намегузорад ба ҷумлаи кор ба шарт

Ончӣ бояд ҳаме диҳад рӯзӣ

Гоҳи ҳурмону гоҳи пирӯзӣ

Гоҳ бар сар наад зи гавҳари тоҷ

Гуҳ ба донагӣ варо кунад муҳтоҷ

Ту ба ҳукми худои розии шӯ

Вар на бхрўшу пеши қозии шӯ

То туро аз қазоаш барраанд

Аблаҳи онкас ки инчунин монад

Ҳарчӣ ҳаст аз балоу офиятӣ

Хайр маҳзасту шари ориятӣ

Бад ба ҷузи ҷилф ва бехирад накунад

Ки накукори ҳеҷ бад накунад

Сӯии ту номи зишт ва ном накӯаст

Варна маҳз атост ҳарчӣ азуаст

Бади азу дар вуҷӯд худ ноед

Ки худоро бад аз куҷо шояд

Онкии оради ҷаҳон ба кун Фикўн

Чун кунад бад ба халқи олам чун

Хайр ва шар нест дар ҷаҳони сухан

Лақаби хайру шар ба туаст ва ба ман

Он замони коизди офариди офоқ

Ҳеҷ бади ноФарид бар итлоқ

Марги инро ҳалоку онрои барг

Заҳри онро ғизоӣ ва инро марг

Зоинаҳ рӯйро ҳунар бошад

Гарчи пушташи пар аз гуҳар бошад

Оинагар чу пушт рӯй сиёҳ

Буде кас накардӣ инчи нигоҳ

Зоинаҳ рӯй ба буд хуршед

Пушт ӯ хоҳи сиёҳу хоҳи сипед

Чун туро аз даруни дили бнгошт

Оинаи ту зи пеши дили бардошт