Дидани офтобро дар хоб

Подшаҳ гуфтаанд аз ҳар боб

Моҳ монанди ройзан бошад

Дгарӣ гуфт на ки зан бошад

Ҷурми миррӣх ё Зуҳал дар хоб

Соҳиб меҳнатасту ранҷу азоб

Тир монандаи дабир омад

Муштарии хозин ва вазир омад

Зуҳра худ ҳаст мояи оромиш

Мояи айшу кому оромиш

Вон дигар кавкабони бародари дон

Гоҳи таъбирашон бародар хон

Ҳамчуи ёқӯби кини тариқи ниҳод

Рози ин илм бар писар тақрир бикшод

Меҳру моҳаши падари баду модар

Кавкабон чун бародарон дар хур

Бас кун аз фолу заҷри вази таъбир

Дар гузари зин ки карда Эй

Кас чу мо дид хираи ғмхўорон

намегузорем хоби бедорон

Хуфтаи бедор кардан осонаст

Ғофилу мурда ҳар ду яксонаст