Бандагонро ки аз қадар ҳазар аст
Он на зишон ки он ҳам аз қадар аст
Қадару тақдир ӯ ниҳод чу чанг
Ки шиносади ҳамеи зи ному зи нанг
Зон чу барбат ба ҳар хаёли ҳаме
Хуфта нолад зи гӯшмоли ҳаме
Пеши девони ҳукм ӯ ҷузи мард
Шукри силии ҳақ ки донад кард
Санги хорони ҳукм чу санадон
Назананд аз барои ҷони дандон
Ки кунад бо қазоӣ ӯ оҳӣ
Ҷузи фурӯмоя эйу гумроҳӣ
Оҳи ту бо қазоӣ ӯ бод аст
Бо қазояши дили ту ношод аст
Бо қазои мари туро чу нест ризо
Нашиносӣ худоиро ба худо
Кӯ дар ин роҳ карданӣ кардан
Ки тавонад қафоӣ ӯ хӯрдан
Карданӣ боядат ъзозилӣ
То занад дасти лаънаташи силӣ
Силӣ каз ду дасти дӯсти хурӣ
Ҳамчуи бодом бе ду пӯсти хурӣ
Гарданоне ки бо худоӣ хушанд
Ҳукмро бахтён боркашанд
Чун чароғанд агарчӣ дар банданд
Зонка ҷон мекунанд ва май хнднд
Ҳар балое ки дили намояд аз ӯ
Гар яке вари ҳазор шояд аз ӯ
Ҳукму тақдир ӯ бало набӯд
Ҳарчӣ ояд ба ҷуз ато набӯд