эй сенае чу ёфтӣ имкон

Бинмоӣ андарин сухани бурҳон

Чун шудӣ фориғ аз мадоеҳи шоҳ

Ба сӯии мадҳи хоҷаи ори паноҳ

Хоҷаи хоҷагону ҷамоати девон

Сарварону гузидагони замон

Баъд аз он меҳтарону ҷамъи қазоа

Шукрашони бартар аз сиёму салоа

Сарфарозони маликати Эрон

Номи дорони хусрави турон

Хусрави шарқро ба ҳар корӣ

Рӯзу шаби нўнҳодаҳи бозорӣ

Хуррам аз роишон ҷаҳон яксар

Айби пинҳону ошкори ҳунар

Чокари малик шоҳ шуд минӯ

Ки набинад касе дар ӯ оҳӯ

Гар бибинӣ ту маликати ғазнӣн

Боз нашиносӣ аз биҳишти барин

Чун буд шоҳро накӯи кирдор

Мамлакатро фузун шавад миқдор

Шоҳу дастури ҳардуи никўроӣ

Ҳарчӣ боист ҷумла дод худоӣ

Шукри ин неъмат бе андоза

Ки шуд андари мамоликаши тоза

Ки тавонад гузорад баргӯ ҳин

Гашти ҷинати ҳаволии ғазнӣн

эй бузургони ғзнӣу лўҳўр

Чашми бади зини замонаи бодои давр

Ёфтед ончӣ буд ҳоҷататон

Гашти пзрФтаҳи он ибодататон

Шаҳи ҷавону ҷаҳони ҷавону замон

Дар амони ҳамчуи равзаҳои ҷинон

Чун буд кирдигор бахшанда

Бидиҳад ҳарчӣ хост зу банда

Коми дилҳо муяссараст акнӯн

Бод ёрб аз ончӣ ҳаст фузун

Ёрб ин Фзлҳот бар банда

Дор то рӯзи ҳашари поянда