Андари он дам ки мубдиъи ашё

Кард нақши вуҷӯдро пайдо

Қудсёни чашм бар ту бикшоданд

Ҳолро дар тараддуди афтоданд

Юсуфӣ дидаанд зебо рӯй

Шоҳидӣ дидаанд никўхўӣ

Аз адами омада ба шаҳри вуҷӯд

Карда манзил ба толеъи масъӯд