То ҷаҳонаст ; кор ӯ ин аст

Нӯш ӯ нешу меҳр ӯ кин аст

Андари ин хокдони афсурда

Ҳеҷ кас нест аз ғами осӯда

Ончунон зӣ дар ӯ ки вақти раҳил

Беш бошад ба рафтанати таъҷил

Рахт берун фикан зи дори ғурур

Чаҳ нишинии миёни деви шарӯр ?

Ҳасаду ҳирсро ба гӯр мабар

Душманонро ба роҳ давр мабар

Ду рафиқанд ҳар ду нохушу зишт

Боз дорандат ин ва он зи биҳишт

Пештари зонкаҳи марг пеш ояд

Аз чунин марг зиндагӣ зояд

Ба чунин марги ҳаркии бишитобад

Аз чунин марг зиндагӣ ёбад

То аз ин зиндагӣ намирӣ ту

Дар кафи деви худ асирии ту

Нафаси ту то бадяши одат ва хуаст

Ба ҳақиқат бидон ки дев ту ӯст

Мурдаи дили гаштӣу пароканда

Кӯш то ҷамъ бошӣу зинда