Нури рухи ту қамар надорад
Завқи лаби ту шукр надорад
Дар даври ту модари замона
Монанди ту як писар надорад
Бе баҳраи зи давлати ғами ту
Аз меҳнати мо хабар надорад
Онкас ки чу ман биравӣ хубат
Дил май надиҳад магар надорад
Дилдодаи сӯрати ту эй дӯст
Ҷонро зи ту дӯст тар надорад
Ҷонои дили ту чу рӯзгораст
Конро ки Фгнд бар надорад
Дар санг асар кунад фиғонам
Вндри дили ту асар надорад
Магузор бадӣгарон касе ро
Кӯи ҷузи ту касе дигар надорад
Аз хӯни ҷигар касе ба ҷузи сайф
Дар ишқи ту дида тар надорад