Нигор ман чу андари ман назар кард

Ҳамаи аҳволи ман бар ман дигар кард

Бипурсаш дарди ҷонамро даво дод

Бихандаи заҳри айшамро шукр кард

з роҳ дид ногуҳ дар дарунам

Даромад нуру зулматро бадар кард

Бшб чун хонаи гаштами равшан аз шамъ

Ки чун хуршедам аз равзан назар кард

з ҳар васфӣ ки буд ӯроу исмӣ

Бақадр ҳоли ман дар ман асар кард

Бгўшм гӯш шуд бо чашм шуд чашм

з ҳарҷое бнсбти сар бадар кард

Бғмзаҳи кишту онгоҳам дигар бор

Блб чун мурғи исо ҷонвар кард

Чу соя ҳастемро нур худ дод

Чу он хуршеди рух бар ман гузар кард

Дилам равшан нагардад берух ӯ

Ки беоташ нишоед шамъ бар кард

Барин сар рост ноед тоҷи васлаш

зи баҳри тоҷ бояд тарк сар кард

Бҷон дар зулфаши овезам чаҳ бошад

Расан бозӣ тавонад ин қадар кард

Маро аз ҳоли ишқ ва сабр пурсед

Чаҳ гӯям ин муқӣмаст он сафар кард

Хамаш кун сайфи фарғонии казин ҳол

Наме шояд ҳамаи касро хабар кард