Ҳарки дар ишқ намирад ба Бақоӣ нарасад
Мард боқӣ нашавад то ба фаное нарасад
Ту ба худ рафтӣ аз он кор ба ҷое нарасед
Ҳарки аз худ наравад ҳеҷ ба ҷое нарасад
Дар раҳ ӯ набӯд санг ва агар бошад низ
Ҷузи гуҳар аз сар ҳар санг ба пое нарасад
Ошиқ аз дилбар бе лутфи наёбади комӣ
Булбул аз гулшан бегул ба навое нарасад
Саъй кардӣу ҷазои ҷустӣ ва гуфтӣ ҳаргиз
Бе амали мард ба муздӣ ва ҷазое нарасад
Саъй бе ишқи турои фоидаи надиҳад ки касе
Ба мақомоти аноят ба Ганае нарасад
Ҳркро ҳаст мақом аз ҳарами ишқи бурун
Гарчи дар каъба нишинад ба сафойӣ нарасад
Тандурустӣ ки надонист наҷоти андари ишқ
Инат бемор ки ҳаргиз ба шифоӣ нарасад
Длбро чанд хўҳми давлати васлат ба дуо
Худ марои дасти талаби ҷуз ба дуое нарасад
Хон ниҳодасту кушода дар ва бе хӯни ҷигар
Луқмае аз ту тавонгар ба гадоӣ нарасад
Абри боранда ва ташна нашавад зу сероб
Шоҳ бахшандау мискин ба атое нарасад
Сайфи фарғонии дардии з ту дорад дар дил
Май писандӣ ки бимирад ба давое нарасад