Фитнаи хуфтаи зи чашми масти ту бедор шуд
Хоссаи он соъат ки зулфат низ бо ӯ ёр шуд
Дар шаби ҳиҷрати бубинами рӯзи васлатро бихоб
Гар тавонад бахт хоб олуд ман бедор шуд
Рӯзгорӣ нокашида меҳнати ҳиҷрони ту
Чун тавон аз неъмати васли ту бархӯрдор шуд
То бидидам наргиси махмури ту аз хамри ишқ
Ончунон мастам ки натавонам дигар ҳушёр шуд
Онкии мардумро бидам кардӣ чу исо тундараст
Чашми бемор ту дид аз ишқи ту бемор шуд
Шӯр аз мардуми баромади гиря бар ошиқ фитод
Чун лаби ширини ту аз ханда шкрбор шуд
Чора таслимаст бо тақдир натавон панҷа кард
Дасти тадбирам чу андари кори ту бекор шуд
То ту пайдо омадӣ моро хамӯшӣ буд кор
Гул чу рӯ бинмуд булбулро сухан ночор шуд
Пеши азин бе ишқи ту дар назми мо завқӣ набӯд
Ҳаркии ошиқи гашт бар ширини шукр гуфтор шуд
Гар касе хоҳад ки бинад ҷони мусаввири ҳамчуи ҷисм
Гўдрини сӯрати нигар каз ҳасани маънӣ дор шуд
Сайфи фарғонӣ ҷавонӣ рафт то кӣ ошиқӣ
Пери гаштӣ , тавба кун , ҳангом истиғфор шуд