эй ки дар боғи никуӣ ба ту набӯд монанд

Гул ба рухсори накӯи сарв ба болои баланд

Ҳечкас нест зи хубони ҷаҳон ҳамчун ту

Ҳаргизи астораҳ ба хуршед набошад монанд

Бо вуҷӯди ту ки ҳастӣ зи шукри ширин тар

Нест ҳоҷат ки кас аз Миср ба рӯми оради қанд

Кибри шоҳонаи ту шох умедам бишикаст

Нози мастонаи ту бех қарорам барканд

Соқии ишқи ту моро ба забони ширин

Шарбатӣ дод хушу шӯри ту дар мо афканд

Ошиқ рӯй ту аз халқ буд бегона

Мардро ишқи ту аз хеши бабради пайванд

Дар ҷаҳон гар набӯд ҳечкасӣ ғам нахурд

Зонкаҳи дарвеш ту набӯд ба касе ҳоҷатманд

Гар бар ӯ арза кунӣ ҳашт биҳишти андари вай

Накунад бе ту қарору нкндҷзи ту писанд

Ҳар киро ишқи ту бемор кунад ҷонаш ро

Надиҳади шаҳд , шифо ва накунад заҳр , газанд

Дил ӯ аз ғами ту танг нагардад зеро

Нест мумкин ки аз оташ кунад андешаи сапанд

Дасти тадбир касе пой кушода накунад

Чун дилиро сари гесуии ту орад дар банд

Ҳар чаҳ ғайри ту ҳама душман ҷонанд маро

Чун манӣ чун шавад аз дӯст ба душман хурсанд

Сайфи фарғонӣ бе рӯй ту дар фасли баҳор

Хуш ҳаме гиряд чун абр , ту чун гул механд