Дардмандони ғами ишқ даво ме хоҳанд

Ба умед омадаанд аз ту туро ме хоҳанд

Рӯзи васли ту ки идасту маниши қурбонам

Ҳар саҳар чун шаби қадараш ба дуо ме хоҳанд

Андарин мамлакат эй дӯсти ту он султонӣ

Ки мулӯк аз дар ту нон чу гадо ме хоҳанд

Балки то бар сари кӯии ту гадоӣ кардем

Подшоҳони ҳамаи нон аз дар мо ме хоҳанд

Зони ҷамоат ки зи ту толиб ҳуранду қусӯр

Дар шигифтам ки зи ту ҷузи ту чаро ме хоҳанд

Заҳматии дидаи ҳама бар тамаъи роҳати нафас

Тоъатӣ кардау фирдавс ҷазо ме хоҳанд

Амали солеҳи худро шабу рӯз аз ҳазрат

Чун матоъӣ ки фурушанд баҳо ме хоҳанд

Ошиқони хоки сари кӯии ту ин ҳиммати байн

Ки вилояти зи куҷо то ба куҷо ме хоҳанд

Ошиқони мурғу ҳавои ишқ ва ҷаҳон ҳаст қафас

Бо қафас инс надоранд ҳаво ме хоҳанд

Ту ба дасти карами хеш ҷудо кун аз ман

Табъу нафасӣ ки маро аз ту ҷудо ме хоҳанд

Олимии шодии дунёу гуруҳеи ғами ишқ

Оқилони неъмату ушшоқ бало ме хоҳанд

Сайфи фарғонӣ ҳар кас ки ту бинии чизе

Аз худо хоҳад ва ин қавм худо ме хоҳанд

Дар азизони раҳи ишқ ба хории мангар

Бингар ин қавм каёнанд ва киро ме хоҳанд