эй бзири зулфи ту соя нишин хуршеду моҳ
Зулфу рӯят дар ниқоби анбарин хуршеду моҳ
Сояи зулф чу абр аз пеши рӯят давр кун
То бибинад осмони андари замини хуршеду моҳ
Гар мау хур бар наёяд парда аз рухи брФгн
Оина баргиру андар рӯй байни хуршеду моҳ
Рӯзу шаби гӯи моҳу хурро баъди азин ҷилва макун
Каз мау хур бе ниёзами ман бад-ӣни хуршеду моҳ
Гар ҳаме хоҳад амони ин аз заволи он аз хусуф
Гӯ бирав дар соя зулфаш нишин хуршеду моҳ
Аз клҳдорон ки дорад вази нкўрўёни крост
Дар қабои сарву санавбар бар ҷабини хуршеду моҳ
Гуфта бар қадати басии мадҳу санои шамшоду сарв
Гуфта бар рӯяти ҳазорон офарини хуршеду моҳ
Худ куҷо дорад каманди анбарин шамшоду сарв
Худ куҷо дорад лабони шаккарини хуршеду моҳ
Рӯй чун оташ намӯдӣ то чароғи хештан
намебарафрӯзанд аз он нури мубини хуршеду моҳ
Зарраи андари сояи ту ҳамчуи моҳ ва хур шавад
эй туро аз чокарони камтарини хуршеду моҳ
Сайфи фарғонии чунин султони олами гир ро
Осмони ангуштарии зебади нигини хуршеду моҳ