эй ки лабати манба об бақост

Дарди ту беморӣ длро давост

Оҳ ки андари талаби ту маро

Рафт дилу дарди дил эй ҷон баҷост

Гар ҳама офоқ бигирад касе

Онкии тавонгар бтў набӯд гадост

Баҳри дили ту чаҳ тавон тарк кард

Мол надорам ману ҷон худ турост

Ҳар ду ҷаҳони мамлакат ман шавад

Гар ту бигӯе ки фалони он мост

Ҳарчӣ кунӣ бар сари мо ҳокимӣ

Гар бикашӣ аз тараф мо ризост

Меҳнати ишқати баҳама кас расед

Давлати васл ту надонам крост

Дарди дилу ишқ баҳам гуфта анд

Коми дилу ишқ баҳам нест рост

Гавҳари васлат ки надорад баҳо

Куштаи ҳиҷрони туро хӯн баҳост

Чокари ту бар ҳама кас меҳтараст

Бандаи ту дар ду ҷаҳони подшост

Рӯй баҳри сӯ ки кунам дар намоз

Қибла агар рӯй ту бошад равост

Заҳр чу аз ҷоми ту нӯшами шукр

Теғгар аз даст ту бошад атост

Дар ғазал эй дӯсти дуъогӯии тест

Сайф ки дашноми ту ӯро дуост