Мо ғарибему шаҳр азон шумост

Бо чунин рӯи ҷаҳон ҷаҳон шумост

Подшоҳон чу банда ме гӯйанд

Мо раияти вилоят он шумост

Аҳд хусрав надид аз ширин

Шару шурӣ ки дар замон шумост

Бочунин чашми масти ошиқи каш

Ҳарки мерад аз куштагон шумост

Гар баротӣ бҷон кунанду басар

Бидиҳам чун бирав нишон шумост

Ҷони ошиқи нишонаи он тир

Ки зобрўӣ чун камон шумост

Зардӣ рӯй заъфаронии ман

Аз рухи ҳамчу арғавон шумост

Абри гўҳрФшони ду чашм манаст

Пистаи пуршукр даҳон шумост

Оби ҳайвони як ҷаҳони ошиқ

Дар ду лаъл шкрФшон шумост

Кам зосҳоб Каҳф нест бақадр

Ҳарки чун саг бар остон шумост

Ғами ҷонро бахуд наме гирад

Дил ки чун ломакон макон шумост

Сайфи фарғонӣ арча чизе нест

Булбулии баҳр гулистон шумост

Сухан худ наметавонад гуфт

Ки даҳонаш пар аз забон шумост