эй дӯст бе ту моро андари ҷаҳон чаҳ хушӣ

Бе чун ту длстонӣ дар тани зи ҷон чаҳ хушӣ

Пурсӣ зи ман ки бе ман бо худ чаҳ буд ҳолат

Андари ҷавори душман бедӯстон чаҳ хушӣ

Муштоқ чун туеро аз ғайри ту чаҳ роҳат

Ҷӯёии қӯти ҷонро аз обу нон чаҳ хушӣ

Гуфтӣ маро ки чунӣ дар домгоҳи дунё

Мурғи обии фалакро дар хокдон чаҳ хушӣ

Гӯйӣ хушаст ҳолат бо мардуми замона

Бо ҳамРаҳон раҳзан дар корвон чаҳ хушӣ

Аз ҷони худ дилиро бе васли ту чаҳ некӣ

Зоби даҳан касеро андари даҳон чаҳ хушӣ

Ин ҷони нозанинро аз ҷисми роҳатӣ на

Бо ҳамдигар ду зидро дар як макон чаҳ хушӣ

Ҷӯёии ҳазрататро аз сайф нест баҳра

Онро ки зинда бошад аз мурдагон чаҳ хушӣ

Дунёу охиратро баҳри ту тарк кардам

Бе ту дарин чаҳ роҳати ҷузи ту дар он чаҳ хушӣ