Чунон ишқаш парешон кард мо ро
Ки дигар ҷамъ натавон кард мо ро
Сипоҳи сабр мо бишикаст чун ӯ
Бғмзаҳи тир борон кард мо ро
Ҳадиси ошиқӣ бо ӯ бигуфтем
Бихандед ӯ ва гирён кард мо ро
Чу барбати барканории хуфта будем
Бузади чангӣ ва нолон кард мо ро
Лаб чун ғунчаро булбул наво кард
Чу гули бушковат ва хандон кард мо ро
Бшмширӣ ки аз тани сари набард
Бикушту зинда чун ҷон кард мо ро
Ғамаш чун қутби сокини гашт дар дил
Вале чун чарх гардон кард мо ро
Кунун анфоси мо об ҳаётаст
Ки аз ғамҳои худ нон кард мо ро
Басони зарра бетоб будем
Кунун хуршед тобон кард мо ро
Маро ҳаргиз набинӣ то намирӣ
Бигуфту кор осон кард мо ро
Чу бар дарди фироқаш сабр кардем
Бўсли хеш дармон кард мо ро
Басони сайфи фарғонӣ бар ин дар
Гадо будем султон кард мо ро
Насими ҳазрати лутфаши сбоўор
Бикдм чун гулистон кард мо ро
Чу нафаси хешро гардан шикастем
Сари худ дар гиребон кард мо ро
Кунун ӯ мо ва мо ӯйем дар ишқ
Дигар зин беш чаҳ тавон кард мо ро