Ҳам марг бар ҷаҳони шумо низ бугзарад

Ҳам равнақи замони шумо низ бугзарад

Венаи буми меҳнат аз паии он то кунад хароб

Бар давлати ошёни шумо низ бугзарад

Боди хазони накбати айёми ногаҳон

Бар боғу бӯстони шумо низ бугзарад

Оби аҷал ки ҳаст гаулӯгири хосу ом

Бар ҳалқ ва бар даҳони шумо низ бугзарад

эй теғатон чу найза барои ситами дароз

Ин тезии синони шумо низ бугзарад

Чун дод одилон ба ҷаҳон дар бақо накард

Бедоди золимони шумо низ бугзарад

Дар мамлакат чу ғурраши шерони гузашт ва рафт

Ин ъўъўи сегон шумо низ бугзарад

Он кас ки асб дошт ғубораш фурӯ нишаст

Гирди сами харони шумо низ бугзарад

Бодӣ ки дар замонаи басии шамъ ҳо бикушт

Ҳам бар чроғдони шумо низ бугзарад

Зини корвонсарои басии корвони гузашт

Ночори корвони шумо низ бугзарад

эй муфтахар ба толеъи масъӯди хештан

Таъсири ахтарони шумо низ бугзарад

Ин навбат аз касон ба шумо нокасон расед

Навбати зи нокасони шумо низ бугзарад

Беш аз ду рӯз буд аз он дигар касон

Баъд аз ду рӯз аз он шумо низ бугзарад

Бар тири ҷавратони зи таҳаммул сипар кунем

То сахтии камони шумо низ бугзарад

Дар боғи давлати дгарон буд муддатӣ

Ин гули зи гулистони шумо низ бугзарад

Обии сети истодаи дарин хонаи молу ҷоҳ

Ин оби норавони шумо низ бугзарад

эй ту рамаи супурда ба чӯпони гурги табъ

Ин гиреҳгии шубони шумо низ бугзарад

Пели фано ки шоҳи бақои мот ҳукм ӯст

Ҳам бар пиёдагони шумо низ бугзарад

эй дӯстон хоҳам ки ба некии дуои сайф

Як рӯз бар забони шумо низ бугзарад